Дар тафовут аз дигар намудҳои ваксинаҳо, доруи наве, ки онро офарандагони "ZyCoV -D" номидаанд, ба пӯст бидуни тазриқ ворид карда шуда, барои он дастгоҳи махсус истифода мешавад -- ваксина зери фишор ба қабатҳои болоии эпидермис ворид мешавад, хабар медиҳад "Rg.ru".
Натиҷаҳои таҳқиқоти клиникӣ бо иштироки 28 ҳазор нафар нишон доданд, ки ваксина 67 фоиз аз нишонаҳои COVID-19 муҳофизат мекунад. Гарчанде ки самаранокӣ дар муқоиса бо ваксинаҳои дигари COVID-19 чандон баланд нест, муҳаққиқон қайд мекунанд, ки муқоисаи мустақим дақиқ нестанд -- зеро “ZyCoV-D” бар зидди штамми дельта озмуда шудааст, дар ҳоле ки доруҳои қаблӣ дар асоси штаммҳои аслии SARS CoV-2 офарида шудаанд.
"Ин як қадами воқеан муҳим дар пешгирии мубориза бо COVID-19 дар саросари ҷаҳон аст, зеро он нишон медиҳад, ки мо як синфи дигари ваксинаҳо доремм ва мо метавонем онҳоро истифода барем" -- мегӯяд Питер Ричмонд, иммунологи бачаҳо аз Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ дар Перт.
Ворид кардани ваксина на ба мушакҳо, балки зери пӯст бо он шарҳ дода мешавад, ки ин минтақа аз ҳуҷайраҳои иммунӣ ғанӣ аст.
"Он ба гирифтани ДНК нисбат ба мушакҳо хеле муассиртар кӯмак мекунад", - шарҳ медиҳанд тадқиқотчиён.
Ҳамзамон, бархе аз коршиносон аз набудани шаффофият дар ҷараёни тасдиқи доруи нав интиқод карданд, зеро натиҷаҳои озмоишҳои дар марҳилаи дер ҳанӯз нашр нашудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳиягарон ваъда медиҳанд, ки дар ояндаи наздик таҳлили мукаммалро барои нашр пешниҳод мекунанд.
Ширкати истеҳсолкунанда изҳор мекунад, ки аз дору моҳи сентябр дар Ҳиндустон барои эмкунӣ истифода мекунанд ва ният дорад то аввали соли оянда то 50 миллион воя истеҳсол кунанд.