Вазорати дифои Исроил равандҳои таҳияи силоҳи нави лазерие, ки қобилияти маҳв кардани дронҳоро дорад, ба анҷом расонд. Лазери ҷангӣ, ки «Нури оҳанин» номида шудааст, дорои тавоноии 100 киловатт аст, хабар медиҳад Bloomberg.
Дар ҷараёни озмоишҳо, он қобилияти самараноки маҳв кардани дронҳоро нишон дод. Аммо нишондиҳандаҳои дақиқи фаъолияти системаи нав эълон нашудаанд.
Бо вуҷуди ин, система чанд маҳдудият низ дорад — аз ҷумла, дар шароити абрнок будани ҳаво самаранокии он коҳиш меёбад.
Дар моҳҳои наздик он ба ҳайси як бахши системаи бисёрқабатаи мудофиаи зиддимушакии «Қуббаи оҳанин» шомил мешавад.
То охири соли 2025 пурра ба системаи миллии дифои ҳавоии Исроил ҳамгиро намудани он дар назар аст.
Пас аз суханронии Сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу дар бораи зиёд шудани фишорҳо ва танҳо мондани кишвар, Исроил бояд ба истиқлолияти амниятии худ такя кунад, «Нури оҳанин» эълон карда шуд, хабар медиҳад korrespondent.net.









