Дар Қароқалпоқистон шикорчие, ки ғайриқонунӣ оҳуи бухороиро сайд мекард, боздошт шуд

    Сайёраи сабз 12 Iyun 2023 1350

    11 июн нозирони мамнӯъгоҳи биосферии Амударёи Поён дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон шикрчиеро ҳангоми шикори ғайриқонунии оҳуи бухороӣ, ки ба Китоби сурхи байналмиллалӣ ва Китоби сурхи Ӯзбекистон шомил шудаанд, дастгир карданд.

    Ба кормандон паёме мерасад, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, минтақаи гузариши департаменти Ҷумуртов садои тир шунида мешавад.

    Ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса нозирон мошини сафеди «Матиз»-ро пайдо карданд. Онҳо аз паси машин ба ноҳияи Гурлан, МСГ Деҳқонобод расиданд. Маълум шуд, ки дар мошини ҷинояткор халтаҳое мавҷуд будаанд, ки дар он ҷасади пора-порашудаи як оҳу гузошта шудааст.

    Муфаттишони прокуратура ду милтиқи шикорӣ ва қисмҳои бадани оҳуи бухороиро мусодира карданд.

    Маълум шуд, ки браконер ба табиат ба маблаги 99 миллион сӯм зарар расонд.

    Тибқи иттилои Вазорати экология, феълан аз рӯи ин далел корҳои тафтишотӣ идома доранд. Кор ба прокуратура фиристода шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates