"Ҷаҳон на танҳо бо пандемияи коронавирус, балки бо як қатор мушкилоти дигар, ба мисли инфодемия, вақте ки иттилооти муҳим ва маълумоти бардурӯғ бо ҳам омехта мешаванд, дучор мешавад. Ин боиси сару садоҳо ва мушкилоти зиёде мегардад, ки бояд ҳал карда шаванд”, - қайд кард мутахассис.
Гао Фу таъкид кард, ки дар оянда ҷаҳон ҳатман бо ба истилоҳ "вируси X" дучор хоҳад шуд, ки хусусиятҳояш то ҳол ба ҳеҷ кас маълум нест ва он метавонад дар ҳама ҷо ва ҳар вақт рух диҳад, менависад РИА Новости.
"Барои ояндаи инсоният, мо бояд якҷоя бо ҳалли мушкилот мубориза барем. Ба ин муносибат , ман "принсипи чор C" -ро пешниҳод мекунам: ҳамкорӣ (cooperation), рақобат (competition), муошират ё мубодилаи иттилоот (communication), ва, дар ниҳоят ҳамоҳангсозӣ, баъзан бо ҷониби сеюм (coordination)", -- таъкид кард коршинос.
Аз принсипҳои дар боло зикршуда, вай мубодилаи иттилоотро алоҳида таъкид кард, зеро маҳз мубодилаи ошкорои иттилоот аз ҷониби Чин ба олимони тамоми ҷаҳон имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ ба таҳияи ваксинаҳои зидди коронавирус шурӯъ кунанд.