Чин 24 ноябри соли 2020  дастгоҳи бозгардандаи "Чанъэ-5"-ро сар дод; 1 декабр он дар минтақаи муайяншудаи ҷониби намудори Моҳ фуруд омада, дар тӯли ду шабонарӯзи минбаъда бо кӯмаги таҷҳизоти пармакунии дар модули фуруд васлшуда ваманипулятори кафлездор хоки Моҳро ҷамъ оварда, ба ҷойи махсуси модул барои парвоз ҷойгир намуд. Тамоми миссия 23 рӯзро дар бар гирифт. Ин аввалин киштии кайҳонӣ дар тӯли 44 сол аст, ки барои хоки Моҳ фиристода шудааст.

Чин пас аз ИМА ва ИҶШС кишвари сеюм гардид, ки тавонист чунин миссияро иҷро кунад. 17 декабр дастгоҳ 1731 грамм намунаҳои хоки моҳро ба Замин бомуваффақият интиқол дод, ки баъдтар ба олимон барои таҳқиқот дода шуданд, менависад РИА Новости.

Хабар дода мешавад, ки ҳосили шолии "кайҳонӣ" 9 июли соли равон дар майдони омӯзишиву тадқиқотии пойгоҳи Донишгоҳи кишоварзии Чини Ҷанубӣ оғоз ёфт. Соли гузашта партияи тухмиҳои вазнашон 40 грамм бо сафари 23-рӯза ба Моҳ рафтанд, тухмҳо ба радиатсияи кайҳонӣ дучор шуданд ва пас аз он онҳо ба Замин баргашта, ба олимони донишгоҳ супорида шуданд.

Раванди селексия, ҷойивазкунонӣ, кишти шолии "кайҳонӣ" якчанд моҳ тӯл кашид, аммо натиҷа ба талабот ҷавоб дод - олимон тавонистанд ҳосили аввалинро ҷамъ оваранд. Дар тӯли чанд соли оянда, олимон тасмим доранд, ки биринҷро такрор ба такрор кишт кунанд ва аз шоли "кайҳонӣ" ҳосил гиранд, то ки дар натиҷа навъҳои нави биринҷи чиниро истеҳсол кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, биринҷи "кайҳонӣ" барои таҳқиқоти илмӣ арзиши бузург дорад, зеро тухмиҳои ба фазо дучоршуда метавонанд заминаи потенсиалии рушди зироатҳои нави серҳосил ва баландсифат гарданд.