Дастгоҳ дар маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятии музофоти Ҳубей бомуваффақият озмуда шуда, барои тартиботи безараргардонии объектҳои гуногун тавсия дода мешавад. Коршиносон бовар мекунонанд, ки лампа нисбат ба лампаҳои муқаррарии симоб самараноктар аст.

Бартарии дигари дастгоҳи нав мӯҳлати хизмати он - то 50 ҳазор соат аст. Илова бар ин, таҳиягарон қайд мекунанд, ки дастгоҳ миқдори ками энергияро истеъмол менамояд, менависад "Известия".

Навоварӣ инчунин бар зидди бактерияҳои хатарнок ба монанди стафилококки зарринтоб самарабахшии баланд нишон дод.

Охири моҳи июн маълум шуд, ки олимони Иёлоти Муттаҳида ниқоби ҳимояро кор карда баромаданд, ки барои имкони муайян кардани мавҷудияти коронавирус дар бадани инсонро фароҳам меорад. Ниқоб пас аз якуним соат натиҷаҳои ташхисро пешниҳод мекунад. Нишондодро барои пинҳон кардани онҳо аз чашми дигарон танзим кардан мумкин аст.