Дар шаҳри Қӯқанд як гурӯҳи махфии созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» ошкор шуд

    Бехатарӣ 12 Iyun 2025 774

    Ҳоло алайҳи ин афрод бар асоси моддаҳои 159, 244, прим 1 ва 244, прим 2-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

    Зикр гардид, ки дар амалиёти оперативӣ аз ҷониби кормандони Садорати Хадамоти амнияти давлатии вилояти Фарғона бо ҷалби мақомоти корҳои дохилӣ як гурӯҳи махфии ташкилоти экстремистии динии «Ҳизб-ут-Таҳрир» фош карда шуд.

    Аз ҷумла, сокини шаҳри Қӯқанд, соли таваллудаш 1962, собиқ узви созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки тӯли солҳои 2000-2019 бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои тибқи моддаҳои 159 ва 244, прим 1 ва ва 244 прим 2-и Кодекси ҷиноӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд, пас аз озод шудан бо ҷалби 4 нафар шаҳрванд, ки дар байни солҳои 1965-1971 таваллуд шудаанд, гурӯҳи ғайриқонунӣ таъсис додааст.

    Аъзои гурӯҳ дар ҷамъомадҳои байнихудӣ, ки тӯли солҳои 2024-2025 дар чойхона ва ошхонаҳои шаҳри Қӯқон гузарондаанд, ғояҳои “Ҳизб-ут-Таҳрир”, дар Ӯзбекистон тарғиб кардани онҳо, ғояи ақидапарастӣ, ташкили давлати хилофат, ки дар китобу маҷаллаҳои ин созмон баён шудаанд, ташвиқ ва дастгирӣ кардаанд.

    Онҳо инчунин узви як канали пӯшида дар мессенҷери Telegram шуда, дар он пайваста маводи марбут ба созмони террористии “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро мутолиа кардаанд.

    Қобили зикр аст, ки боз як узви ин гурӯҳ, соли таваллудш 1971 низ қаблан бо ҷурми даст доштан дар “Ҳизб-ут-Таҳрир” 23 соли зиндонро сипарӣ карда, моҳи апрели соли 2024 озод шуда буд ва боз як узви ин гурӯҳ бо ҷурми ҷинояти қаллобӣ бахше аз умри худро паси панҷара гузарондааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates