Лоиҳа ба маблағи 50 миллион доллар дар минтақаи саноатии Косонсой амалӣ мешавад

    Саноат 21 Iyul 2023 2365

    ҶММ «Бунёдкор» дар натиҷаи роҳандозии се лоиҳаи азим дар майдони 21 гектар нақша дорад, ки беш аз ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, ҳаҷми содиротро 30 миллион доллар афзоиш диҳад.

    Дар айни ҳол аз ҷониби ҳокимияти Қашқадарё ва Ассотсиатсияи «Ўзтекстилпром» дар минтақаи саноатии Косонсой оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар асоси Фармони Президент № 465 аз 30 декабри соли 2022 корҳо анҷом дода мешаванд.

    Лоиҳаи бофандагӣ, ки 50 миллион доллар арзиш дорад, дар якчанд марҳала аз васеъ гардондани сехи тавлиди 5200 тонна матоъ дар як сол то тавсеаи истеҳсоли рангубор, пардоз ва духтани маснуоти тайёри трикотажӣ сурат мегирад. Барои ин лоиҳа барои харидории таҷҳизоти замонавӣ аз Олмон, Италия, Туркия ва Тайван ба маблағи 14,4 миллион евро шартномаҳо ба имзо расидаанд.

    Ба ғайр аз лоиҳаи бофандагӣ боз ду лоиҳа ба амал бароварда мешавад. Яке аз онҳо ба маблағи 2,9 миллион доллар барои коркарди тухмии пахта дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна ва дуюмӣ се миллион лоиҳаи истеҳсоли равғани синтетикии пахта мебошад.

    Ба ғайр аз ин, барои солҳои 2023-2024 лоиҳаи думарҳалавии арзиши умумиаш 56 миллион доллари «Истеҳсоли матоъ, рангкунӣ, пардоз ва маҳсулоти тайёри бофандагӣ» таҳия карда мешавад. Инчунин, хамчун лоихаи пешомаднок сохтмони иншоотхои обтозакунӣ пешбинӣ шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates