"Явомади табиӣ ба чанд манзили истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ зарар расонд. Хушбахтона, барои ҳаёти одамон хатаре вуҷуд надорад", – омадааст дар изҳороти вазорат.
Бар асоси маълумоти дақиқшуда, 25 хона осеб дида, яке аз онҳо ҳамчун "хатарнок барои зиндагӣ" эътироф шудааст. Ҳамчунин 12 мактаб, як кӯдакистон ва як поликлиника осеб дидаанд.
Айни ҳол дар маҳалли ҳодиса корҳо оид ба арзёбии зарар ва расонидани кумак ба осебдидагон идома доранд. Вазорат изҳор дошт, ки тамоми сохторҳои дахлдори Вазорати ҳолатҳои фавқулода вазъиятро таҳти назорат қарор додаанд ва тадбирҳои заруриро сари вақт меандешанд.
Шиддати заминларза, ки шаби 12 март дар Қирғизистон рух дод, дар маркази он 4,9 балл буд, хабар медиҳад tass.ru.