«Бар асоси охирин тасвирҳои дастрас аз моҳвора, МАГАТЭ ҳоло метавонад осеби сохторҳои даромадгоҳи болои заводи зеризаминии ғанисозии сӯзишвории атомиро дар Натанз, Эрон, тасдиқ кунад», — омадааст дар изҳорот.
Зикр мешавад, ки паёмадҳои радиологӣ (радиатсионӣ) интизор намешаванд.
«Ҳеҷ гуна таъсири иловагӣ ба худи завод, ки дар ҷараёни низоъ дар моҳи июн сахт осеб дида буд, ошкор нашудааст», — таъкид намуданд дар МАГАТЭ.
28 феврал, субҳи рӯзи шанбе, Исроил ва ИМА ба Эрон ҳамлаҳои муштарак анҷом доданд. Ҳамла дар замоне сурат гирифт, ки музокирот байни Эрон ва ИМА идома дошт.
Эрон дар ҷавоб на танҳо ба Исроил, балки ба як қатор ҳадафҳо дар кишварҳои минтақа, ки пойгоҳҳои низомии ИМА ҷойгиранд, аз ҷумла Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн зарба зад.
Дар натиҷаи ҳамлаҳои амрикоиву исроилӣ раҳбари олии Эрон, оятулло Алӣ Хоманаӣ, инчунин як қатор мансабдорони баландрутба ҳалок шуданд, хабар медиҳад aa.com.tr.