Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Музаффар Мадраҳимов, директори миссияи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) дар Ӯзбекистон Дэвид Хоффман, намояндагони Вазорати маориф, илм ва инноватсия, Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Фонди «Эл-юрт умидӣ» ва Академияи идоракунии давлатӣ иштирок карданд.
Намояндагони ИМА оид ба лоиҳаҳои ҷорӣ дар соҳаи илму маориф ва нақшаҳои кӯтоҳмуддати амиқтар кардани ҳамкорӣ дар ин самт муаррифӣ баргузор намуданд.
Доир ба ҷанбаҳои ташкилию техникии татбиқи лоиҳаҳо дар самти ислоҳоти низоми маориф, таҳкими сармояи инсонӣ, дастгирии таълими забони англисӣ ва густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Тайёрии тарафайн ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикршуда, инчунин дигар барномаҳои таълимӣ ва мубодилавӣ изҳор карда шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.