Дар мулоқот намояндагони Маркази омӯзиши рушди нақлиёт ва логистика, Кумитаи андози назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорони соҳаи нақлиёт ва логистика матраҳ гардида, оид ба ҳалли онҳо намояндагони Кумитаи андоз тавсияҳои худро иброз доштанд.

Бояд гуфт, ки Вазорати наклиёти ҷумҳурӣ дар ҳалли баъзе масъалаҳои мушкилидоштае, ки дар фаъолияти соҳибкорони соҳаи нақлиёт ба миён меоянд, мунтазам ёрии амалӣ мерасонад.