Дар метрои Маскав аломатҳо бо забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ пайдо шуданд

    Муҳим 14 Sentabr 2021 1012

    Аломатҳо дар истгоҳҳои метрои "Прокшино" ва "Лесопарковая"-и Маскав, ки аз онҳо хатсайрҳои нақлиёти заминӣ ба маркази муҳоҷирати "Сахарово" мераванд, барои фароҳам овардани қулайӣ ба муҳоҷирон ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ такрор шудаанд.

    Дар ин бора ба РИА Новости дар дафтари матбуоти метрои Маскав хабар доданд.

    "Аз истгоҳҳои метрои "Прокшино "-и хати Соколническая ва "Лесопарковая"-и хати Бутовская, хатсайрҳои нақлиёти заминӣ ба маркази муҳоҷирати "Сахарово "мегузаранд, аз ин рӯ, барои қулайии меҳмонони марказ мо навигатсияи маҳз ин истгоҳҳоро ба тоҷикӣ -- забони аксари халқҳои Тоҷикистон ва ба забони ӯзбекӣ такрор кардем", - гуфтанд дар метро.

    Хидмати матбуоти метро қайд кард, ки вазифаи онҳо аз он иборат аст, ки метро барои мусофирони гуногун фаҳмо ва бароҳат бошад.

    "Масалан, харитаи метро дар тахтаи электронӣ дар вагонҳо ба нӯҳ забон такрор карда мешавад", - илова намуданд дар дафтари матбуот.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates