Дар рафти чорабинӣ автомашинаи тамғаи Niva-и шаҳрванд К.Ш, дар ҳудуди ноҳияи Навбаҳор аз назар гузаронида шуд. Ҳангоми кофтуков аз бордони мошин ду ощуи сайдшуда (модар ва навзод), ки ба Китоби сурхи Ӯзбекистон шомил шудаанд, дарёфт карда шуд.

Дар рафти чорабиниҳои тафтишотӣ сокинони ноҳияи Нарпайи вилояти Самарқанд К.Ш. ва К.Ф., ки бо истифода аз силоҳи шикорӣ ғайриқонунӣ оҳуро шикор кардаанд, дастгир шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати экология, аз рӯи ин далел протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, хисороти ворида ба табиат ба маблағи 33 миллион сӯм муқаррар шудааст.

Инчунин автомашинае, ки К.Ш идора мекард,  ба майдончаи ҷарима гузошта шуда, милтиқи шикорӣ барои нигаҳдорӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Навоӣ фиристода шуд.

Айни замон барои фиристодан ба прокуратура ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд.