100-солагии рӯзномаи «Эркин Қароқалпоқистон» дар Нукус таҷлил гардид

    Воқеаҳо 29 Noyabr 2024 152

    Дар Театри давлатии тамошобини ҷавони Қароқалпоқистон, воқеъ дар шаҳри Нукус, чорабинии ботантана бахшида ба 100-солагии рӯзномаи «Эркин Қароқалпоқистон» баргузор гардид.

    Аввалан иштирокчиёни чорабинӣ ба бюсти нависандаи бузурги қароқалпоқ, Аҷиниёз Қосибой-ўғли, гул гузоштанд.

    Дар чорабинӣ муовини аввали Раиси Ҷоқарғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Рустам Сапарбоев, директори генералии Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, сенатор Абдусаид Қучимов, сармуҳаррири рӯзномаҳои «Янги Ӯзбекистон» - «Правда Востока» Салим Дониёров, иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов ва дигарон дар бораи таваҷҷуҳ ба дастгирии матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар кишвари мо ва вазифаҳои соҳа суханронӣ намуданд.

    Нашри рӯзнома моҳи декабри соли 1924 дар шаҳри Турткули вилояти автономии Қароқалпоқистон бо ташаббуси пирони қавм Қосим Авезов, Абиу Қудабоев ва ҷадиди маърифатхоҳ Саифулғабит Маҷитов оғоз гардид. То соли 1930 рӯзнома бо номи «Эркин қароқалпоқ», як муддат бо номи «Меҳнаткаш қароқалпоқ» нашр мешуд, солҳои 1931-1957 бо номи «Қизил Қароқалпоқистон», солҳои 1957-1992 бо номи «Совет Қароқалпоқистони» чоп мегардид. Пас аз соҳибистиқлол шудани кишвар, рӯзнома номи «Эркин Қароқалпоқистон»-ро гирифт.

    Рӯзнома, ки чун нашрияи асосии Қароқалпоқистон ҳисобида мешавад, дар тӯли ин солҳо ба як оинаи зиндагии мардуми қароқалпоқ ва мактаби рушди забон ва санъати каломи бадеии қароқалпоқӣ табдил ёфт.

    Нақши рӯзнома дар ташкили Иттифоқи нависандагони Қароқалпоқистон, ки дар асоси маҳфили адабӣ ташкил шуда, аъзои он хабарнигорони ин нашрия буданд, инчунин саҳми гурӯҳи «Тонг нурӣ», ки дар назди омӯзишгоҳи педагогӣ ва кишоварзӣ фаъолият мекард, дар ташаккули фарҳанги театралии қароқалпоқ зикр гардид.

    Рӯзнома минбари мардум, оинаи ислоҳот мебошад. Редаксияи он дар байни хонандагон ва ҷомеаи васеъ нуфузи баланд дорад. Дар озмуни байналмилалии XVII барои Ҷоизаи миллии «Олтин қалам», ки соли гузашта баргузор шуд, рӯзномаи «Эркин Қароқалпоқистон» ҷойи аввалро ишғол кард.

    Дар чорабинӣ ба як гурӯҳи кормандон бо қарори Президиуми Ҷоқарғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон унвонҳои фахрӣ дода, нишонҳои сарисинагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Аз ҷумла, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзномаҳои «Эркин Қароқалпоқистон» - «Вести Қароқалпоқистон» К. Байниёзов, котиби масъули рӯзномаи «Эркин Қароқалпоқистон» С. Жаниев, хабарнигори рӯзномаи «Вести Қароқалпоқистон» А. Аминова бо унвони «Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон» ва муовини сармуҳаррири рӯзномаҳои «Эркин Қароқалпоқистон» - «Вести Қароқалпоқистон» Б. Қулатаев бо унвони «Муаллими шоистаи ҷавонони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон» сарфароз шуданд.

    Чорабинии ботантана бо барномаи консертии устодони санъат идома ёфт.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates