То имрӯз мақомоти адлия дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳамагӣ  2330 ташкилоти диниро ба кайд гирифтааст.

Аз ин шумор 2139 созмони динии исломӣ, 174 насронӣ, 8 яҳудӣ, 6 ҷамоаи баҳоӣ, 1 ҷамъияти шуури Кришна, 1 маъбади буддоӣ ва 1 Ҷамъияти Библия дар Ӯзбекистон аст.

Дар Ўзбекистон намояндагони зиёда аз 130 миллат ва 16 конфесияҳои динӣ дар асоси тамоюли таҳаммулпазирӣ дар фазои сулҳу осоиш умр ба сар мебаранд.  

5 апрел дар боғи “Янги Ӯзбекистон” бо ширкати намояндагони 16 конфессияи динии ҷумҳурӣ “Боғи таҳаммулпазирӣ” ифтитоҳ ёфт.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ панҷ донишкадаи олӣ ва 10 мактаби миёнаи махсуси динӣ мавҷуд аст.