Тибқи фармон, ба ҷадвали штатии сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар давлатҳое, ки дар замимаи фармон муайян шудаанд, иловатан вазифаи мушовир оид ба масъалаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ ворид карда мешавад.
Ин вазифа бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамоҳангсозии ташаббусҳои Ӯзбекистон дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ ҷорӣ мегардад.
Таъйин ва озод кардани мушовир аз вазифа аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ бо пешниҳоди роҳбари департаменти иқтисоди креативӣ ва сайёҳии Маъмурияти Президент анҷом дода мешавад.
Мушовир ба роҳбари намояндагии дипломатӣ дар кишвари дахлдор итоат мекунад ва дар фаъолияти ӯ ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Мушовир ба роҳбари департаменти иқтисоди креативӣ ва сайёҳии Маъмурияти Президент ҳисобдор мебошад.
Ба феҳрист сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар кишварҳои зерин дохил карда шудаанд: Британияи Кабир, Фаронса, Индонезия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА, АМА ва Русия.
Вазифаҳои асосии мушовир:
таблиғи мероси ғании фарҳангӣ, дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии Ӯзбекистон ва мусоидат ба таҳкими симои мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ;
ташкил ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ дар соҳаи фарҳанг, муассисаҳои ҳунарӣ ва ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёркунии кадрҳо ва мубодилаи таҷриба;
баргузории маъракаҳои иттилоотӣ, ки ба тавсеаи густурдаи иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар фазои иттилоотии кишвари мизбон равона шудаанд, инчунин паҳн кардани мунтазами маводи таблиғотӣ, ки ҷозибияти сайёҳии кишварро афзоиш медиҳад;
рушди ҳамкорӣ дар самтҳои умедбахш, аз ҷумла сайёҳии таърихиву фарҳангӣ, гастрономӣ, зиёратӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таълимӣ ва тиббӣ, инчунин анҷом додани таҳлили коршиносӣ ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас дар ин самтҳо ва дигар вазифаҳо.
Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии gйгоҳи маълумотҳои қонунгузорӣ ба забони давлатӣ нашр шудааст ва аз 3 феврали соли 2026 ба амал омадааст, хабар медиҳад «Norma».