Дар доираи лагери экологии Осиёи Марказӣ иштирокчиён як қатор ташаббусҳоро барои ҳалли мушкилоти экологӣ ба миён гузоштанд

    Сайёраи сабз 4 Oktabr 2023 2790

    Ҳоло дар Самарқанд лагери экологии ҷавонони Осиёи Марказӣ ҷараён дорад. Ташкили лагери экологӣ ба таҳияи Стратегияи Осиёи Марказӣ барои пешбурди фарҳанги рушди устувор ва ҷалби кӯдакону ҷавонон ба барномаи иқлим равона шудааст.

    Дар ҷараёни чорабинӣ 60 нафар экологҳо аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

    Аз ҷумла, зарурати бунёди ҷангалҳои сунъӣ барои ҷуброни растаниҳои гумшуда ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ, бахусус ҷавонон таъкид шуд. Ҳамзамон, зарурати коҳиш додани партовҳои зараровар тавассути маблағгузории эко-стартапҳо, барои афзоиши мошинҳои барқӣ ва такмил додани катализаторҳои мошинҳои бо сӯзишворӣ коркунанда зикр гардид.

    Илова бар ин, фаъолони экологӣ пешниҳод карданд, ки диққати ҷомеаро ба мушкилоти экологӣ бо кумаки таъсиргузорон ҷалб кунанд.

    Лагери экологӣ то 5 октябр давом мекунад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates