Соли 2025 дар шаҳрҳои Андиҷон ва Тошканд ба таври таҷрибавӣ фаъолияти Марказҳои минтақавии хидматрасониҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуд.

Тибқи Қарор, дар асоси таҷрибаи марказҳои минтақавие, ки дар шаҳри Андиҷон ва ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд таъсис ёфтаанд, дар солҳои 2026–2027 фаъолияти 20 маркази минтақавӣ марҳила ба марҳила роҳандозӣ карда мешавад.

Самтҳои асосии фаъолияти марказҳои минтақавӣ чунин муайян гардидаанд:

ташкили расонидани хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва кумак ба гурӯҳҳои аҳолии ниёзманд ба ҳимояи иҷтимоӣ;

таъмини ҳамгироии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар вазъи мушкили зиндагӣ қарор доранд, тавассути омӯзиши мушкилоти мутобиқшавии иҷтимоии онҳо.

Марказҳои минтақавӣ инчунин хидматрасониҳои барқарорсозӣ, ребилитатсия, физиотерапия ва машқҳои табобатии ҷисмонӣ, ҳамчунин нигоҳубин ва парастории аҳолии ниёзманд ба ҳимояи иҷтимоиро пешниҳод хоҳанд кард.

Шахсоне, ки ҳуқуқи истифода аз хидматрасониҳои иҷтимоиро бо шароити имтиёзнок доранд, аз хидматрасониҳои марказҳои минтақавӣ дар асоси роҳхати марказҳои «Инсон» истифода мебаранд.

Ҳамаи расмиёт вобаста ба истифодаи хидматрасониҳои марказҳои минтақавӣ пурра ба шакли электронӣ анҷом дода мешаванд.