Дар ин бора Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Қазон хабар дод.
Ба маълумоти пешакии Раёсати корҳои дохилии Русия дар вилояти Уляновск, ронандаи мошини Chevrolet Cobalt идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба хатти ҳаракати муқобил баромада, бо мошини «МАЗ», ки аз самти муқобил меомад, бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама, панҷ нафаре, ки дар мошини сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расида, ронандаи мошини боркаш ба муассисаи тиббӣ бурда шудааст.
Дар ҷои ҳодиса кормандони Инспексияи давлатии нақлиёти автомобилӣ кор бурда, ҳамаи ҳолатҳои рухдодаро таҳқиқ мекунанд.
Аз ҷониби худ, Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Қазон хабар дод, ки дар натиҷаи садама панҷ шаҳрванди Ӯзбекистон – А.А. соли таваллудаш 1977, Ж.И. соли таваллудаш 1988, Қ.С. соли таваллудаш 1975, Қ.А. соли таваллудаш 2004 ва Б.О. соли таваллудаш 1977 ба ҳалокат расидаанд.
«Вазъият таҳти назорати Консулгарии генералӣ қарор дорад, ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдор идома дошта, чораҳо барои бозгардонидани ҷасадҳои фавтидагон ба Ватан андешида мешаванд», – қайд шудааст дар хабар.