Дар Федератсияи Русия соли 2022 замимаи мобилӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳандозӣ мешавад

    Муҳим 22 Sentabr 2021 609

    Ба нақша гирифта шудааст, ки замимаи махсуси мобилӣ, ки бо ёрии он муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳанд ва дар Русия кор ҷустуҷӯ кунанд, соли 2022 ба кор андохта мешавад.

    Дар ин бора ТАСС бо истинод ба мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" бо ноиби сарвазири Русия Алексей Оверчук хабар дод.

    "Мо дар як замимаи мобилӣ кӯшиш намудем, тамоми саёҳати муштариёнро инъикос кунем ва қулай гардонем , ки барои хориҷиён дар ҳаракат кардан ва ҷойгир шудан ба кор заруранд" - гуфт муовини раиси Девони Вазирон.

    Ба гуфтаи ӯ, "аллакай прототип офарида шуда, кор оид ба тағйироти зарурӣ дар пойгоҳи меъёрии ҳуқуқӣ идома дорад" ва роҳандозии платформа "соли оянда ба нақша гирифта шудааст." "Баъзе хидматҳо фавран пас аз ба кор андохтан пайдо мешаванд ва баъзе замимаҳо баъди омода гардидани онҳо ғанӣ гардонда хоҳанд шуд" - гуфт Оверчук.

    Аз ҷумла, тавассути ин замима метавон дар бораи мавҷудияти маҳдудият барои вуруд ба Русия маълумот пайдо кард ва дар сурати набудани чунин маҳдудият аз як қатор хидматҳо истифода бурд. "Агар пештар ӯ [шаҳрванди хориҷӣ] дар Русия кору зиндагӣ карда бошад, эҳтимол вай ҳам СНИЛС ва ИНН дорад, агар не, онҳо ба вай расмӣ гардонда мешаванд. Сипас шумо метавонед кор ҷустуҷӯ кунед, бо корфармо тамос гиред" - гуфт Оверчук. Ба суоли оё имкони ҳамин тариқ бақайдгирӣ ҳаст, ноиби сарвазир тахмин кард, ки "он ҳам метавонад дар замима бошад".

    Вай таъкид кард, ки на ҳама хидматҳо бо хидматҳои давлатӣ алоқаманд хоҳанд буд. "Ба эҳтимоли зиёд, ин шарикии рақамии давлатию хусусӣ хоҳад буд - хадамоти хусусӣ низ ба монанди харидани суғуртаи тиббӣ ё дарёфт ва иҷораи манзил пешниҳод карда мешаванд" - гуфт ноиби сарвазир.

    Оверчук гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия тақрибан 3,8 миллион нафар бар асоси патент ё ҳамчун шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бар асоси шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд ва тақрибан 290 ҳазор хориҷиён донишҷӯянд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates