Тавре бахши консулгарии Сафорати Ӯзбекистон дар Русия хабар додааст, аз 1 сентябри соли 2026 шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави Русия ворид мешаванд, вазифадоранд дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Пештар барои иҷрои ин талабот 90 рӯз муҳлат дода мешуд.

Саркашӣ аз гузаштани муоинаи тиббӣ ё худдорӣ аз он боиси ҷарима ба маблағи аз 25 ҳазор то 50 ҳазор рубл (аз 4,1 то 8,3 миллион сӯм) мегардад. Илова бар ин, риоя накардани талаботи муқарраршуда метавонад барои ихроҷи маъмурӣ аз кишвар асос шавад.

Дар сурати сари вақт напардохтани ҷарима, маблағи он ду баробар зиёд шуда, баъдан қонуншикан метавонад маҷбуран аз қаламрави Русия хориҷ карда шавад.

Ҳамчунин барои таҳия ва паҳн намудани маълумотномаҳои қалбакии тиббӣ дар бораи набудани бемориҳои хатарнок ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ гардидааст.

Дар робита ба ҷорӣ шудани қоидаҳои нав, намояндагони дипломатии Сафорати Ӯзбекистон ҳамватанони муқими Русияро ба риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда даъват намуданд.