Тибқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 7 феврали соли 2024, № 135, гармала ба рӯйхати растаниҳо, ки дорои маводи нашъадор ё психотропӣ мебошанд, ворид карда шуда, дар ҳудуди Русия таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст.
Дар сафорат таъкид намуданд, ки воридот, нигоҳдорӣ, паҳнкунӣ ё истифодаи гармала дар ҳудуди Русия ҳамчун вайрон кардани қонунгузорӣ ҳисобида шуда, мувофиқи моддаи 229.1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки қонунгузории амалкунандаро риоя кунанд ва аз воридот ё тиҷорати гармала дар Русия худдорӣ кунанд. Вайрон кардани ин қонун боиси ҷазоҳои муқарраршуда мегардад.