Дар Самарқанд Форуми дӯстӣ ва ҳамсоягии неки ҷавонони Осиёи Марказӣ оғоз шуд

    Насли оянда 14 Mart 2023 4275

    13 март дар Самарқанд Форуми серӯзаи ҷавонони Осиёи Марказӣ оид ба дӯстӣ ва ҳамсоягии нек оғоз ёфт, ки дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ баҳри таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, оғоз ёфт.

    Лоиҳаро консорсиум бо роҳбарии Фонди ба номи К.Аденауэр якҷо бо се шарики миллӣ – Ҳаракати "Юксалиш", Ҳаракати экологии «БИОМ» (Қирғизистон), ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва рушд» (Тоҷикистон) амалӣ мекунад.

    Дар ин ҳамоиш ҳудуди сад нафар намояндагони ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доранд.

    Барномаи форуми серӯза аз мусобиқаҳои мубоҳисавии байналмилалӣ, ҷаласаҳои таълимӣ ва иттилоотӣ, мубоҳисаҳо ва ҳакатон барои тавлиди ғояҳо барои лоиҳаҳои минбаъдаи муштараки фаромарзӣ бо мақсади муколама ва сулҳоварӣ байни ҷавонон иборат аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates