Дар Сенат пешомади амиқсозии ҳамкорӣ байни СУТ ва Ўзбекистонро баррасӣ намуданд

    Тандурустӣ 1 Iyun 2022 1368

    30 майи соли ҷорӣ муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев бо сарвари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Ӯзбекистон Лианна Куппенс мулоқот анҷом дод.

    Дар рафти он ҳолати ҷорӣ ва пешомади амиқсозии ҳамкорӣ байни СУТ ва Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

    Л.Куппенс миқёси дигаргунсозӣ ва ислоҳот дар Ӯзбекистонро, ки ба беҳбуди вазъи саломатӣ, коҳиш додани бемориҳо, эмгузаронии бомуваффақияти аҳолӣ дар давраи пандемия ва беҳбуди вазъи экологии минтақаи баҳри Арал нигаронида шудааст, таъкид кард.

    Дар навбати худ С.Сафоев ба корҳое, ки дар доираи ташаббусу супоришҳои сарвари давлат дар ноҳияи Арал анҷом дода шудаанд, дигаргуниҳо ва вазъи имрӯза таваққуф намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 18 майи соли 2021 минтақаи экологии инноватсионӣ ва технологияҳо эълон шудани минтақаи Арал натиҷаи корҳое мебошанд, ки дар минтақаи Арал амалӣ мегарданд.

    Аз ҷумла, аз соли 2018 инҷониб бо мақсади пешгирии паҳншавии миллионҳо тонна чангу намакҳои заҳролуд аз қаъри баҳри хушки Арал дар майдони 1,5 миллион гектар растаниҳои биёбонӣ шинонда шуданд. Зимнан зикр гардид, ки имсол бунёди майдонҳои сабз боз 100 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст.

    Л. Куппенс кайд намуд, ки СУТ кори ба амаломадаро оид ба беҳтар намудани саломатии аҳолии минтақаи Арал комилан дастгирӣ мекунад.

    Дар охири мулоқот ҷонибҳо оиди идома додани ҳамкории мутақобилан судманд ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates