Раиси Кумитаи илм, маориф ва тандурустии Сенат О.Иминов дар бораи фаъолияти порлумон, аз ҷумла, раванди қонунгузорӣ ва эҷоди қонун, ислоҳоти соҳаи илм, маориф ва тандурустӣ нақл кард.

Ба ғайр аз ин, дар бораи асосҳои ҳуқуқии фаъолият, ваколат ва вазифаҳои Сенат, баъзе ҷанбаҳои раванди баррасӣ ва қабули қонунҳо, амалӣ намудани назорати парлумонӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Сенат иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Эҳёи сеюм – ба сӯи ҷомеаи маърифатнок!», ки дар доираи “Ҷашнвораи маънавият” бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии илмию маърифатӣ баргузор гардид, ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.

Дар навбати худ иштирокчиён ба созмондиҳандагон барои шиносоӣ бо фаъолияти Сенат ва мулоқоти пурмазмун изҳори миннатдорӣ намуданд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.