Дар Сенат бо ҳайати вакилони гурӯҳи дӯстии Покистону Ӯзбекистон вохӯрӣ барпо гардид

    Дар бинои Сенат ба қарибӣ бо намояндагони ҳайати вакилони парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сарварии сардори гурӯҳи дӯстии "Покистону Ӯзбекистон" Сармад Алӣ мулоқот барпо гардид.

    Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии президентҳои Ӯзбекистону Покистон муносибатҳои кишварҳо пайваста таҳкиму густариш меёбанд ва робитаҳои байнипарлумонӣ дар рушди шарикии стратегӣ нақши муҳим доранд.

    Ба масъалаµои муҳим, аз қабили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Дар баробари ин, оид ба баланд бардоштани самаранокии гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ӯзбекистон ва Покистон, инчунин ба роҳ мондани назорати муштараки парлумонӣ аз болои иҷрои саривақтӣ ва босифати созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда табодули афкор сурат гирифт.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates