Дар филиали сирдарёгии IT-парк «Welcome Day» баргузор гардид

    Насли оянда 21 Fevral 2022 1309

    Дар вилояти Сирдарё бо мақсади рушди содироти хидматрасониҳои IT ва BPO, ҷалби васеъи ҷавонон ба соҳаи ТИК ва таъмин кардан бо корҳои баландмузд бо истифода аз ТИК маркази логистикӣ ташкил карда шуд. Ба ҳамин муносибат дар филиали сирдарёгӣ чорабинии «Welcome Day» баргузор шуд.

    Дар чорабиниҳо роҳбарони раёсати ҳудудии Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо оид ба вилояти Сирдарё, маъмурияти IT-парк, ҶММ “Revochain Technology” ва ташкилотҳои соҳавӣ иштирок карданд.

    Ҳадафи аслӣ аз ташкили ин марказ таъмини шуғли ҷавонон, фароҳам овардани имкони кори фосилавӣ дар ширкатҳои хориҷӣ ва афзоиши содироти хадамоти IT мебошад.

    Маркази матбуоти Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ хабар медиҳад, ки дар ин марказ курси семоҳа барои 20 нафар ҷавононе, ки аз интихоби пешакӣ гузаштаанд, ба кор шурӯъ карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates