Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, ки аз ҷониби кормандони Садорати ХАД дар вилояти Сурхандарё гузаронида шуданд, фаъолияти гурӯҳи ғайриқонунии ҷонибдорони созмони террористии «Катибаи тавҳид ва ҷиҳод», ки тибқи қарори Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияташ дар кишвар мамнуъ эълон шудааст, қатъ карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар миёни аъзои ин гурӯҳ нафароне низ ҳастанд, ки қаблан барои ҷиноятҳои вобаста ба ақидаҳои ифротӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дар соли 2021 бо сабаби сабук кардани ҷазо шартан озод шуда буданд.
Аъзои ин гурӯҳ, ки соли 2024 ташкил ёфтааст, дар минтақаҳои кӯҳдомани вилоят бо баҳонаи истироҳат ҷамъомадҳои динӣ ташкил карда, дар онҳо суханрониҳои роҳбарони мафкуравии ташкилотҳои террористиро гӯш кардаанд ва масъалаҳои ба давлати Сурия сафар карда, дар сафи ҷангиён «ҷиҳод» кардан ва тавассути инфиҷори худ «шаҳид» шуданро муҳокима намудаанд.
Ҳамчунин, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷалбкунандагони созмони «Катибаи тавҳид ва ҷиҳод» мулоқотро барқарор карда, бо кӯмаки дастурамалҳои электронӣ оид ба сохтани дастгоҳҳои худсохти тарканда ва моддаҳои заҳролудкунанда нияти анҷом додани амалҳои тахрибкоронаро доштанд.
Бо ин мақсад, дар як гурӯҳи пӯшида дар мессенҷери «Телеграм» бо кӯмаки террористони хориҷӣ донишҳои назариявӣ дар бораи сохтани маводи таркандаро омӯхтаанд.
Бояд гуфт, ки 4 нафар аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ зери таъсири таблиғоти интернетӣ аллакай тавонистанд ба Сурия рафта, ба сафи ҷангиён бипайванданд. Ҳоло нисбати онҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷустуҷӯи расмӣ эълон карда шудааст.
Суд нисбат ба 20 нафар аз аъзои фаъоли ин гурӯҳ ҳукм содир кард ва онҳо бо моддаҳои 155, 155-2, 155-3, 159, 244-1 ва 244-2-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон гунаҳкор дониста шуда, вобаста ба дараҷаи ҷинояташон аз 6 то 13 сол маҳрум аз озодӣ шуданд.
Нисбат ба аъзои дигари гурӯҳ бошад, бо назардошти тамоюлҳои инсонпарварӣ сабукӣ дода шуда, сиёсати афв татбиқ гардид.








