Гуфта мешавад, ки ҳолат дар ҷараёни чорабиниҳои назоратӣ, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ва хидматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии ХАД гузаронида шудааст, ошкор гардидааст.

8 апрели соли ҷорӣ мошини боркаше, ки аз Афғонистон ба Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба таври транзитӣ ҳаракат мекард, мавриди санҷиш қарор гирифт. Тибқи ҳуҷҷатҳо, дар он 750 адад деги афғонӣ бо вазни умумии 4,1 тонна мавҷуд буд.

Ҳангоми санҷиши воситаи нақлиёт тавассути маҷмааи инспексионии Z-Portal дар баъзе борҳо ҳолатҳои шубҳанок ошкор шуданд. Баъдан дегҳоро бо истифода аз рентген дубора санҷиданд.

Дар рафти санҷишҳои иловагӣ аён гардид, ки баъзе дегҳо аз дигар дегҳо бо ғафсӣ ва шакл фарқ мекунанд ва онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус кушода шуданд.

Дар натиҷа маълум шуд, ки аз 750 дег, дар 210-тои онҳо ба таври пинҳонӣ ҷамъан қариб 191 кг ҳашиш ҷойгир карда шудааст.

Тибқи ҳисобҳои ибтидоӣ, арзиши ин маводи мухаддир дар бозори сиёҳ аз 5 миллион доллари ИМА зиёд аст.

Алҳол, вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби мақомоти гумрук корҳои тафтишотии пешакӣ идома доранд.