Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русияро иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов пешвоз гирифт.
Тибқи барнома, ҳайати Русия рӯзҳои 28-29 июл дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд ширкат хоҳад кард.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафар ҳайати Русия як қатор музокироти дуҷониба низ анҷом диҳад.