Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Бо ин парвоз 44 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди ИМА қарор доштанд, ба ватан баргардонда шуданд.
«Парвози чартерӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатии Иёлоти Муттаҳида ташкил карда шуд, ки ин имкон дод бозгашти бехатар ва саривақтии шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишвар таъмин гардад», — таъкид намуд сухангӯи ВКХ Ахрор Бурхонов.
Ӯ зикр кард, ки ин чорабинӣ боз як намунаи муҳими ҳамкории Ӯзбекистон ва ИМА ба ҳисоб меравад.
Корҳо ҷиҳати таъмини амнияти ҳамватанон дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ва бозгардонидани онҳо ба Ватан идома доранд.