Дар донишгоҳ инчунин натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология татбиқ карда мешаванд, усулҳои муосири таълим васеъ истифода гардида, системаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ ва стандартҳои таълим ба куллӣ такмил дода мешаванд.

Ба филиал профессору омӯзгорони тахассуси олӣ, олимони бо амалия сарукордошта, ки таҷрибаи чандинсола доранд, даъват карда мешаванд. Алоқа бо муассисаҳои бонуфузи таълими олии мамолики хориҷӣ, доираҳои тиҷорат ва ҷамъиятҳои байналмилалии геологӣ ба роҳ монда мешавад.

Қабули довталабон ва аз аттестатсия гузарондани хатмкунандагон мувофиқи талабот, тартиб ва муҳлати аз ҷониби филиал дар асоси ризоияти Донишгоҳи Пизани Италия ва Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайяншуда  сурат мегирад, хабар медиҳад ӮзА.

Таҳсил дар филиал аз соли хониши 2022/2023 дар шакли рӯзона бо забонҳои ӯзбекӣ, англисӣ ва русӣ адр асоси қарордодӣ анҷом дода мешавад.

Ба хатмкунандагони филиал дипломи донишгоҳи Пизан дода мешавад.