Ҳамоиш рӯзҳои 8-9 сентябр дар мавзӯи "Пешвоии парлумонӣ: пешгӯии хатарҳо барои беҳтар кардани устуворӣ ва шукуфоӣ" баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш сарони созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи порлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин беш аз 120 намояндаи парлумонҳои 17 кишварҳои узви ИДМ ширкат доранд.

Дар ин ҳамоиш афзалиятҳо барои парламентҳо ва самтҳои амали мушаххас дар бахшҳо, аз қабили таъмини баробарии гендерӣ дар равандҳои бӯҳронӣ, аз сабаби пандемия ба вуҷуд омадааст, таъмини рушди устувор ва шукуфоӣ, тавонмандсозии занон дар барқарорсозии иқтисодиёт баррасӣ мешаванд.

Ҳамоиши 14-уми занони  роҳбари парлумонҳои кишварҳои узви ИБП-ро раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева ифтитоҳ кард.

Дар аввали чорабинӣ котиби матбуоти сарвари давлатамон Шерзод Асадов муроҷиати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокдорони форуми байналмилалӣ эълон кард, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Бояд тазаккур дод, ки ИБП парлумонҳои тақрибан 200 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад ва бузургтарин минбари муколама аст. Дар ҳамоиши занони раҳбари парлумонҳои кишварҳои узви Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки соли гузашта дар Вена баргузор шуд, қарор шуда буд, ки чунин формати навбатӣ дар Ӯзбекистон баргузор шавад.