Дар Тошканд намоишгоҳи байналмилалии “UzFood 2023” ба кори худ оғоз кард

    28 марти соли 2023 дар маҷмааи марказии намоишгоҳҳои “Узэкспомарказ”-и пойтахти кишварамон Намоишгоҳи навбатии байналмилалии “Озуқаворӣ, компонентҳо ва технологияҳои истеҳсолӣ – UzFood” ба кор шурӯъ кард.

    Чорабиниро муовини вазири кишоварзӣ Умид Мамадаминов ифтитоҳ намуд.

    Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байнулмилалӣ намояндагони намояндагиҳои дипломатии дар Ӯзбекистон аккредитатсияшуда, коршиносон, инчунин роҳбарону кормандони ширкатҳои хориҷӣ, ки аз ҳамкории зич бо кишвари мо манфиатдоранд, ширкат доштанд.

    Дар давоми се рӯз дар стендҳои намоишгоҳ шумо метавонед бо иқтидорҳои истеҳсолӣ ва потенсиали 283 ширкати 26 кишвари ҷаҳон шинос шавед.

    Дар намоишгоҳ тамоми хелҳои озуқаворӣ — аз гӯшту шир, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайриалкоголӣ cap карда, то сабзавоту мева намоиш дода мешаванд.

    Барои намояндагони корхонаю ташкилотҳо, инчунин соҳибкорон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки аз ҳама навигариҳои соҳаи парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бохабар бошанд, мубодилаи таҷриба кунанд ва албатта, робита барқарор намуда, мулоқотҳои дарозмуддатро ба роҳ монанд ва шартномаҳои муҳлатнок ба имзо расонанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates