Чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон, ЮНЕСКО, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шуд.
Дар конфронс роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молӣ, вазирони соҳаи маорифи кишварҳои узви ЮНЕСКО, инчунин ходимони барҷастаи байналмилалии соҳаи илму маориф ширкат доранд.
Вазири таълими томактабии Ўзбекистон Агриппина Шин ба иштирокдорони форумро табрик кард.
Бинобар натиҷаи чорабинӣ, чӣ хеле ки интизорӣ меравад, ҳуҷҷати ниҳоӣ – Декларатсияи Тошканд қабул хоҳад гардид, ки он рӯзномаи байналмилалиро дар соҳаи таълими томактабӣ то соли 2030 муайян менамояд. Ҳуҷҷати ниҳоӣ дар ҷараёни машварат дар ҳошияи конфронс омода шуда, ба шаш забони расмии СММ тарҷума ва ба ҳамаи кишварҳои узви ЮНЕСКО паҳн карда мешавад, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Ёдовар мешавем, ки 27-29 сентябри соли 2010 дар шаҳри Маскав нахустин Конфронси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба тарбия ва таълими кӯдакон баргузор шуда буд.