Дар шаҳри Тошканд ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни миллии «Зани сол» қадрдонӣ шуданд

    27 декабри соли равон маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни миллии «Зани сол» баргузор гардид.

    Маросимро бо суханони ифтитоҳӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбоева кушод.

    Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии Ӯзбекистони Нав рӯ ба афзоиш аст.

    Дар заминаи қонунгузории миллӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шудааст, тақрибан 100 санади меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии занонро дар кишвар таъмин менамояд.

    Дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» як қатор чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии занон, ҳифзи модар ва кӯдак, таъмин намудани баробарии гендерӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои занон амалӣ мегардад.

    Имрӯз саҳми занон дар идоракунии давлатӣ ба 35%, дар соҳаи соҳибкорӣ ба 37% ва дар сохтори ҳизбҳои сиёсӣ ба 49% расидааст.

    Занон 38% вакилони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисро (57 нафар), 27% аъзои Сенатро (16 нафар) ва 25% вакилони Кенгашҳои маҳаллиро ташкил медиҳанд.

    Саҳми занон дар вазифаи вазир ва мансабҳои ҳамсон, ки соли 2018 тақрибан 3% буд, дар давраи охир ду баробар афзуда, 5,7%-ро ташкил медиҳад.

    Комёбиҳои кишвари мо дар самти баробарии гендерӣ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори эътироф гардидаанд. Дар соли 2024 Ӯзбекистон дар Индекси баробарии гендерӣ ва идоракунӣ 72,8 хол ба даст овард. Дар натиҷа, Ӯзбекистон аз ҷои 103-юм дар соли 2022 ба ҷои 52-юм расид. Ин Индекс 158 кишварро фаро мегирад ва муваффақиятҳо ва камбудиҳоро дар роҳи расидан ба баробарии гендерӣ нишон медиҳад.

    Шумораи занони соҳибкор ду баробар афзуда, аз 205 ҳазор нафар гузаштааст. Корҳо оид ба омӯзиши касбии занон ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба онҳо босуръат идома доранд.

    Таъкид кардан ҷоиз аст, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 марти соли 2022 №ФП–87 ва қарори дахлдори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис аз 27 апрели соли 2022 озмуни миллии «Зани сол» бо мақсади муайян намудани занони намунавӣ, ки дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд, ошно намудани ҷомеаи васеъ бо фаъолияти онҳо ва тарғиби таҷрибаи пешқадам баргузор мегардад.

    Дар соли ҷорӣ дар марҳилаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и озмун 3 091 зан ширкат варзиданд. Дар марҳилаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳри Тошканд 1 146 зан иштирок карданд ва 150 нафар ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

    Иштирокчиёни озмун дар 12 номинатсия қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, ғолибони ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм ҷоиза гирифтанд.

    Иштирокчии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Нигора Палванова соҳиби Гран-при – ҷоизаи олии озмуни миллӣ «Зани сол» гардид. Ғолиб тӯҳфаи Президент – мошинро дарёфт намуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates