Бар асоси ин ҳуҷҷат, аз 1 январи соли 2022 тариф барои як мусофир дар шаҳри Тошканд 1700 сӯмро ташкил медиҳад, айни замон ин хидмат 1400 сӯм мебошад. Инчунин, то 3000 сӯм зиёд кардани арзиши хизмати кашондани бағоч пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, дар назар аст, ки арзиши тарифҳо аз нав дида баромада, ба миқдори сафарҳо ҳангоми истифодаи кортҳои нақлиётӣ (дар ҳоли ҳозир шумораи сафарҳо ва интиқолҳо маҳдуд нест) маҳдудият ҷорӣ карда шавад.

Ҳамин тавр, бинобар картаи нақлиёт як рафтуомад ба ҳисоби миёна 1300 сӯм (22 рафтуомад 29 ҳазор сӯм) арзиш дорад. Ин чорабинӣ боиси коҳиши ҳаҷми гардиши пули нақд мешавад, мегӯянд маъмурияти пойтахт.

Интизор меравад, ки ин шаффофияти ситондани пардохтҳоро таъмин намояд, шумораи истифодабарандагони кортҳои нақлиёт ва даромадро ба таври назаррас афзоиш диҳад, хабар медиҳад “Uzreport”.

Ба идораи нақлиёти шаҳр супориш дода шуд, ки дар муддати 10 рӯз ба шартномаҳои тендерии бо ташкилоту корхонаҳои марбут ба нақлиёти мусофирбар басташуда тағйирот ворид намояд.