Тибқи дастури муқарраршуда, ин қаторҳо дар давоми 8-10 рӯз аз санҷиши техникӣ мегузаранд ва пас аз он ба хидматрасонии мусофирон омода мешаванд.
Бино ба иттилои хидмати матбуоти метрои Тошканд, барои коҳиш додани фосилаҳои вақт вагонҳои нав асосан дар хатҳои «Yunusobod» ва «Yer usti halqa yo'li» ба истифода дода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2024 тадриҷан баҳрабардории 8 қатори дигар метро ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи кори ба нақша гирифташуда нав кардани парки вагонҳои метро ва минбаъд кам кардани фосилаҳои муқарраршудаи вақт пешбинӣ шудааст.