Форум дар соли 2025 бо формати бесобиқа васеъ баргузор мешавад: ба ҷомеаи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои стратегии муҳим, аз қабили энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, технологияҳои рақамӣ ва дигар пешниҳод мегарданд.
Ин форум ҳамчун як платформаи муассир барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ шинохта мешавад. Имсол дар форум шахсиятҳои баландпоя ширкат доранд, аз ҷумла: Президенти Булғористон Румен Радев, Сарвазири Словакия Роберт Фитсо, Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов, Раиси Девони Вазирони Қирғизистон Адилбек Қасималиев, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Нокергулӣ Атағулиев, Президенти Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд Одил Рено-Бассо, Президенти бонки нави рушд Дилма Руссеф.
Имсол форум беш аз 8 000 вакил, аз ҷумла тақрибан 3 000 меҳмони хориҷӣ аз қариб 100 кишвари ҷаҳонро ҷамъ овардааст. Ин иштирок ва ҳузури густурда дараҷаи баланди эътимод ва таваҷҷуҳро ба Ӯзбекистон ҳамчун як кишвари рӯ ба рушди сармоягузорӣ нишон медиҳад.
Ҳодисаи муҳимтарини форум – Нахустин Намоишгоҳи миллии иқтидори саноатӣ ва сармоягузории Ӯзбекистон мебошад, ки дар он 90 ширкат аз зиёда аз 10 соҳаи босуръат рушдёбанда, аз ҷумла нафту кимиё, мошинсозӣ, сохтмон ва коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ширкат меварзанд. Ин намоишгоҳ барои сармоягузорон имкони нодир фароҳам меорад, то бо иқтидори воқеӣ ва лоиҳаҳои омодаи ҳамкорӣ дар Ӯзбекистон шинос шаванд.
114 рӯзноманигор ва коршиноси ВАО аз 31 кишвар форуми имсолаеро равшан мекунанд. Дар байни онҳо намояндагони расонаҳои пешсафи ҷаҳон ҳузур доранд, аз ҷумла: CNN (ИМА), Euronews (Иттиҳоди Аврупо), The Guardian (Бритониё), ZDF (Олмон), Al Jazeera (Қатар), Diplomat Magazine (Нидерланд), EU Reporter (Белгия), Daily Times (Покистон), Doha News (Қатар).
Форуми Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд-2025 чанд рӯз идома хоҳад ёфт ва дар доираи он барномаҳои гуногун ба мисли: муҳокимаҳои панелӣ, муаррифии лоиҳаҳо, мулоқотҳои дуҷониба ва имзои созишномаҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сармоягузории Ӯзбекистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ баргузор мешаванд.
Имсол рӯйхати сарпарастони форум васеъ гардид, ки ин нишонгари афзоиши таваҷҷуҳи ширкатҳои пешрафта ва ташкилотҳои сармоягузорӣ ба ин чорабинии муҳим мебошад.
Сарпарастони платинӣ: Acwa Power, Uzum, Koc Construction ва Yandex Uzbekistan. Сарпарастони тиллоӣ: Ipoteka Bank (OTP Group), RWB ва Vision Invest. Сарпарастони нуқра: UzOman Investment Company, StoneX, Halyk, Squire Patton Boggs, Datavolt, Бонки сармоягузории Аврупо, Miahona, Aksa, Coca-Cola, TBC Uzbekistan ва PWC.









