Дар рӯзи аввали намоишгоҳ вохӯриҳо ва муколамаҳои амалӣ вобаста ба таълими соҳибкорӣ баргузор гардида, иқтидори истеҳсолии иштирокчиён намоиш дода шуд.

Дар рӯзи дуюм музокироти B2B баргузор шуда, навовариҳо дар саноат, технологияҳои нави дар истеҳсолот истифодашаванда, иқтидори саноатӣ ва имкониятҳои минтақаҳо баррасӣ мешаванд.

Барои маълумот: дар доираи «Иннопром. Осиёи Марказӣ» зиёда аз 30 чорабинии бузурги тиҷоратӣ ва зиёда аз 500 вохӯрӣ баргузор гардид, зиёда аз 600 созишнома ба маблағи умумии зиёда аз 7 миллиард доллар ба даст омад.