Ҳадафи асосии ин чорабинӣ мусоидат ба таъмини иҷрои мувофиқаҳое мебошад, ки дар сатҳи олӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба даст омадаанд, ҳамчунин таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва баровардани ҳамкориҳо ба сатҳи нав.
Ҷаласаи пленарии ҷаласаи сеюм таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири шарафи инсонӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист» ба масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар давраи наздик бахшида мешавад.
Дар доираи чорабинӣ баргузории ду сессия ба нақша гирифта шудааст: «Ҳамкории иқтисодӣ, табдили рақамӣ ва саноат: роҳҳо ба сӯи шукуфоии кишварҳои минтақа» ва «Рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист: нақши парлумонҳо дар таъмини татбиқи ташаббусҳои экологӣ».
Инчунин дар доираи вохӯриҳо бо иштироки аъзои комиссияҳои байнипарлумонӣ ва гурӯҳҳои дӯстӣ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи қонунгузорӣ, баргузории муҳокимаҳо бо иштироки марказҳои таҳлилӣ (think-tank) ва намояндагони доираҳои илмӣ пешбинӣ шудааст.
Дар натиҷаи ҷаласа қабули Эъломияи муштарак дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии аввал дар ин формат 19 сентябри соли 2023 дар шаҳри Сеул баргузор шуда, вохӯрии дуюм 14 октябри соли 2024 дар шаҳри Ашхобод доир гардида буд.








