Дар Тошканд барои тезонидани интиқоли мол ба Афғонистон мулоқоти чаҳорҷониба анҷом дода шуд

    Нақлиёт 12 Sentabr 2022 1215

    Бо мақсади тезонидани интиқоли мол аз Чин ба Афғонистон ва рушди инфрасохтори логистикӣ бо ташаббуси ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» мулоқоти чорҷонибаи намояндагони маъмуриятҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон бо иштироки ширкати байналхалкии логистикии Хитой баргузор гардид.

    Ҷамъомади гурӯҳи корӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистан темир йуллари» X. Хосилов ба амал омад. Дар маҷлис вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Маҳкамов нутқ эрод намуд. Инчунин дар он сафири Афғонистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби А. Элмӣ ширкат варзид.

    Ҷонибҳо аз нигоҳи рушди шарикӣ, тавсеаи имконоти мавҷуда, лоиҳаҳои ояндадор ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ масъалаҳои таҷдиди инфрасохтори логистикии ҷонибҳо, суръат бахшидан ба интиқоли мол аз Қашғари Чин ба истгоҳи Хайратони Афғонистонро баррасӣ карданд.

    Қобили зикр аст, ки ҷониби Афғонистон аз тамоми қарорҳои Гурӯҳи корӣ ҷонибдорӣ намуд. Дар муроҷиатҳои худ ба иштироккунандагони маҷлис сафири Афғонистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Элмӣ ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари раёсати роҳи оҳани Афғонистон А. Шарофат ба ҷониби Ӯзбекистон барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипос намуд.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот протоколи чорҷониба ба имзо расид.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates