Дар Тошканд маросими ботантанаи ифтитоҳи чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баргузор шуд

    Варзиш 1 May 2023 1656

    Имрӯз, 1 май дар пойтахт зуртарин устодони дастпӯшаки чармини сайёра барои гирифтани номи чемпиони ҷаҳон мубориза мебаранд. Дирӯз дар маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳи ботантанаи чемпионати сайёра, ки кишвари мо бори аввал мизбони он аст, баргузор гардид.

    Меҳмонони расмии маросим Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлев, вазири сиёсати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ўзбекистон Адҳам Икромов, Котиби генералии Кумитати миллии олимпӣ Ойбек Қосимов, муовини раиси КМО, муовини якуми раиси Федератсияи бокси кишвар Сакен Полатов буданд.

    Абдулла Орипов нутқ эрод намуда, меҳмонони мусобиқаи бонуфузро хайрамақдам гуфта, дар бораи ислоҳоти самарабахше, ки дар кишварамон таҳти сарварии Президент амалӣ мегарданд, нақл кард. Сипас Умар Кремлев аҳли оилаи боксчиёнро бо иди варзиш табрик гуфта, чемпионати ҷаҳонро расман кушода эълон кард.

    Дар рафти чорабинӣ аз номи боксчиён қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020 Баҳодир Ҷалолов савганд ёд карда, кайд намуд, ки вай дар мусобиқаҳои дар пешистода муборизаи софдилона ва шаффоф мебарад. Маросим бо консерти идона идома ёфт.

    Чемпионати ҷаҳон аз 1 то 14 май баргузор мешавад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates