Дар шаҳри Тошканд маросими тантанавии ифтитоҳи Ҷоми Ӯзбекистон оид ба гӯштини варзишӣ баргузор гардид

    Варзиш 6 May 2025 2490

    Ҳоло Тошканд мизбони Ҷоми ҷумҳурӣ оид ба гӯштини варзишӣ миёни калонсолон мебошад. Дирӯз дар маҷмааи варзишии «Универсал» маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа баргузор шуд.

    Дар ин чорабинӣ роҳбарони Вазорати варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассотсиатсияи гӯштини варзишии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

    Дар суханрониҳои худ шахсони расмӣ изҳор доштанд, ки дар марҳилаи нави олимпӣ ба дастаи мунтахаби кишвар умедҳои калон гузошта мешаванд ва таъкид карданд, ки аз ҷониби давлат тамоми шароити зарурӣ барои омодасозии варзишгарон фароҳам оварда хоҳад шуд.

    Дар мусобиқа зиёда аз 500 гӯштигир аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доранд. Мусобиқа то 7 май идома меёбад.

    Ғолибон ва ҷоизадорон имкони шомил шудан ба ҳайати дастаи мунтахаб ва шурӯъ кардани омодагӣ ба чемпионати ҷаҳонро, ки имсол дар Хорватия баргузор мегардад, хоҳанд дошт.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates