Дар Тошканд маросими бошукӯҳи истиқболи дастаи мунтахаби бокси Ӯзбекистон баргузор гардид

    Варзиш 16 Sentabr 2025 988

    Имрӯз субҳи барвақт дастаи мунтахаби бокси Ӯзбекистон, ки бо пирӯзии бузург иштироки худро дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Ливерпули Британияи Кабир анҷом дод, ба фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд» омад.

    Қаҳрамонони мусобиқа аз ҷониби роҳбарони Вазорати варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи бокси Ӯзбекистон, намояндагони ҷомеа, хешовандон ва наздикони варзишгарон, инчунин ҳаводорони сершумори бокс гарму ҷӯшон истиқбол гардиданд.

    Маросими истиқбол дар фазои рӯҳбаландӣ ва ифтихори миллӣ баргузор шуд.

    Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ муштзанҳои ӯзбек маҳорату рӯҳи муборизаро ба дараҷаи баланд нишон дода, 6 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

    Дар ҳисоби умумидаствӣ мунтахаби Ӯзбекистон мақоми ифтихории ҷои дуюмро касб намуд ва танҳо ба мизбонони мусобиқа майдонро холӣ кард.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates