Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон иштироки худро дар Бозиҳои осиёӣ анҷом дода, аз рӯи миқдор ва сифати медалҳо натиҷаи беҳтаринро дар таърих нишон дода, соҳиби 71 медал – 22 тилло, 18 нуқра ва 31 биринҷӣ гардид.
Дар ҳисоби умумидастаӣ варзишгарони Ӯзбекистон дар қатори Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон дар байни 45 кишвари ширкаткунанда ба 5 дастаи беҳтарин шомил шуданд.
Дар маросими ботантанаи истиқболи даста дар фурудгоҳи Тошканд шахсони расмӣ, санъаткорон, варзишгарон, мураббиён, хешу табор ва дӯстони аъзои даста ширкат доштанд.
Сарвазири Ўзбекистон Абдулла Арипов варзишгаронро бо пирӯзӣ табрик гуфта, аз номи Президент Шавкат Мирзиёев сухани табрикиро хонда дод.
Ҳокими шаҳри Тошканд Шавкат Умурзоқов, сенатор Маҳмуд Тоир, ҳунарпешагони мардумӣ Фаррух Зокиров ва Озодбек Назарбеков меҳмонони чорабинӣ гардиданд.