Бино ба иттилои ҳокимияти шаҳри Тошканд, дар марҳилаи аввал 61 дарахт: чинор, қайрағоч ва акатсия шинонида мешавад.
Созмондиҳандагони иқдом – Ассотсиатсияи санъати манзаравии Ӯзбекистон якҷоя бо ҳокимияти ноҳияи Олмазор бо сарпарастии шахсони алоҳида ва ширкатҳо сокинони бефарқнабудаи тошкандиро барои ширкат дар шинондани дарахтон ва дастгирии сарпарастии лоиҳа даъват мекунанд.