Намоишгоҳ 28-уми сентябр оғоз ёфта, се рӯз идома карда, дар он маҳсулоти серталаби аз Ҳиндустон барои саноати рӯ ба тараққии Ӯзбекистон воридшуда, ба намоиш гузошта шуда, бо соҳибкорон аз Ҳиндустон гуфтушунидҳои дуҷониба ташкил карда мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти шаҳри Тошканд, ҳадафи асосии намоишгоҳ таҳкиму амиқтар кардани робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ва ба сатҳи баланд бардоштани тавофуқоти тарафайн мебошад.

Маълум аст, ки Ҳиндустон ва Ӯзбекистонро таърихан ҳамкории қавӣ ва амиқ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо беш аз 30 сол пеш барқарор шуда, гардиши дар солҳои 2020-2021 ба 295 миллион доллар расид ва дар солҳои охир содироти Ҳиндустон ба кишвари мо 55 фоиз афзуд.