Бори нахуст дар Тошканд намояндагони махсус оид ба Афғонистони зиёда аз 20 давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Амрико, Шарқи Наздик, минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, ки ба ҳалли масъалаи Афғонистон бевосита машғуланд, роҳбарону мутахассисони даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин ҳайати Ҳукумати муваққатии Афгонистон ҷамъ омаданд.

Ҳамзамон дар ин ҳамоиш коршиносон, олимону муҳаққиқони ватанӣ, роҳбарону мутахассисони марказҳои таҳлилии бонуфузи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, ИМА, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Белгия ширкат доранд. Аз ҷумла, дар байни даъватшудагон «марказҳои тафаккур»-и чунин сохторҳо ба мисли Бунёди тадқиқотии Обсервер, Институти тадқиқот ва таҳлили мудофиа (Ҳиндустон), Маркази тадқиқоти ҷаҳонӣ ва стратегӣ, Институти тадқиқоти сиёсии Исломобод (Покистон), Донишкадаи омузиши Осиёи Миёна ва Кавкази ба номи Ҷонс Хопкинс (ИМА), Институти тадқиқоти стратегии назди президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра ҳастанд.

Шакли нав ба фароҳам овардани шароит барои муҳокимаи созанда ва таҳияи равишҳои мувофиқашуда барои ташкили муколамаи прагматикӣ бо мақомоти нави афғон нигаронида шудааст, ки ҳадаф аз он иҷрои талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби ҳукумати муваққати Афғонистон, аз ҷумла оид ба роҳ надодан ба манбаи таҳдидҳои доимии манфиатҳои амнияти мамлакатҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои ҷаҳон табдил додани сарзамини Афғонистон, инчунин дар бораи ташкили ҳукумат дар асоси намояндагии васеъ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан занон ва ҳамаи гурӯҳҳои этникию динӣ, хамчун шарти асосии ба анҷом расондани раванди мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон хоҳанд буд.

Илова бар ин, масъалаҳои барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва башардӯстона, ки ба наслҳои имрӯзу ояндаи мардуми Афғонистон расондани сулҳи деринтизорро пешбинӣ менамоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр, дар ҳошияи конфронс ду чорабинии параллелӣ дар мавзӯи: 1) «Рушди башардӯстона – роҳ ба сӯи ояндаи осоиштаи Афғонистон»; 2) «Барқарор намудани иқтисодиёт асоси сулҳи пойдор дар Афғонистон" мебошад. Дар доираи ин чорабиниҳо лоиҳаҳои башардӯстона ва инфрасохторӣ муаррифӣ мешаванд, аз ҷумла:

лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар»;

лоиҳаи кашидани хати интиқоли барқи «Сурхон — Пули-Хумрӣ»;

фаъолияти хаби байналмилалии бисёрфунксионалии нақлиётию логистикӣ оид ба расонидани кумаки башардӯстона;

фаъолияти Маркази таълимии таълими шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Тирмиз.

Дар маҷмӯъ, конфронс як ҷузъи ҷудонашавандаи талошҳои Ӯзбекистон барои таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва табдил додани Афғонистон ба кишвари осоишта ва шукуфон, аз терроризм ва ҷангҳо холӣ мебошад.

Натиҷаи муҳими форум татбиқи Қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими робитаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки 11 июли соли равон бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул шуда, дар он хулосаи аосии Афғонистон барои сулҳи байналмилалӣ, амният ва рушди устувор қайд карда мешавад, хоҳад шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетика.